Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст

АМИТ "Ховар" ·

ВАҲДАТ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Ваҳдат 48 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 126 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома дар низоми махсус фаъолияткунанда, 127 хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, 318 нафар соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ва 185 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ҳамчун субъектони нави хоҷагидорӣ сабти ном гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андози шаҳри Ваҳдат Рустам Солиҳов иттилоъ дод.

Мутобиқи маълумот, аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфродӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат 14 827 субъекти хоҷагидори амалкунанда фаъолият менамояд.

Дар ин давра дар шаҳри Ваҳдат фаъолияти 16 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 130 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома дар низоми махсус фаъолияткунанда, 76 хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, 165 нафар соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ва 186 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда расман барҳам дода шуд.

Бояд гуфт, ки аввали соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат шумораи шахсони ҳуқуқӣ 32 нафар, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома дар низоми махсус фаъолияткунанда 86 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 51 адад ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 153 нафар зиёд шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"