Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти назорати вазъи гуногунии биологӣ дар фасли зимистон дар ҳудуди Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» яке аз нодиртарин ва баландкӯҳтарин минтақаҳои ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Помири Шарқӣ (дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ҷойгир аст.

Камераҳо дар гузаргоҳҳои экологӣ, масирҳои ҳаракат ва мавзеъҳои ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир шуда, барои мушоҳида ва сабти фаъолияти ҳайвонот дар муҳити табиӣ пешбинӣ гардидаанд.

Тасвирҳои сабтшуда барои муайян намудани таркиби намудии ҳайвонот, арзёбии шумораи онҳо, омӯзиши ҳаракати мавсимӣ ва таҳлили ҳолати популятсияҳо заминаи муҳим фароҳам меоранд.

Истифодаи чунин технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки олимону мутахассисон бе халал ворид намудан ба муҳити зисти ҳайвонот маълумоти заруриро ҷамъоварӣ ва таҳлил намоянд.

Насби камераҳои худкор қадами муҳим дар самти рушди мониторинги илмӣ, ҳифзи ҳайвоноти нодир ва нигоҳдории гуногунии биологии Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"