Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия (бо қароргоҳ дар Берлин) Имомудин Сатторов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чехия таҳсил ва фаъолият доранд, мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар вохӯрӣ дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва дурнамои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуданд.

Сафир ҳамзамон дар бораи ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус саъю талоши Тоҷикистон барои пешсаф будан дар рушди технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ибрози андеша намуда, ҳамватанонро ба саҳмгузорӣ дар рушд ва таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чехия даъват намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Источник: АМИТ "Ховар"