Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.
Дар ҳамоиш оид ба аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ ибрози андеша карда шуд.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш иштирокчиён бо Осорхонаи ҳизбии вилояти Суғд, таърихи таъсис, фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шинос шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра иштирокчиёни ҳамоиш китоби тозанашри «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳалаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як рӯз қабл бо иштироки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон