Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи «Шабакаҳои
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» хабар доданд .
Шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омода буда, марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.
Имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд. Бо ин мақсад аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хона ва коргоҳу идораҳои худро санҷанд ва барои қабули оби гарм омода кунанд.
Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёд намудани иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»