Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, густариши робитаҳои илмию таҳлилӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ 10 ноябр зимни вохӯрии Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Дениз Люти баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария, аз ҷумла захираҳои обу энергетика, рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баробарии гендериро баррасӣ карданд. Инчунин имконияти густариши ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷониби Швейтсария барои баррасии имконияти дастгирии молиявии чорабиниҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки соли 2027 ба нақша гирифта шудаанд, изҳори омодагӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026–2029 Швейтсария барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 15 миллион франки швейтсарӣ ҷудо намудани маблағро ба нақша гирифтааст.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои шарикӣ, густариши ҳамкории илмию таҳлилӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон