Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мутахассисони Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон ва аъзои Шурои ҳавзавии қисми узбекистонии ҳавзаи дарёи Зарафшон аз ҳисоби занон ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти Шурои ҳавзавӣ шинос ва дар Форуми занони ҳавзаи дарёи Кофарниҳон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи мулоқотҳо масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ва тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо баррасӣ гардиданд.

Меҳмонон инчунин аз озмоишгоҳҳо ва иншооти таълимии факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур боздид намуда, бо технологияҳои муосири обёрӣ ва обсарфакунӣ шинос шуданд.

Дар шаҳри Ҳисор меҳмонон Боғи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон ва Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд.Ташрифи меҳмонон аз Узбекистон ба густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"