Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алҷазоир Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Акрам Каримӣ (бо қароргоҳ дар Риёз) бо Вазири саноати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Фарид Қуртел мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масоили таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон