КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия — бахтномаи миллат» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон оид ба ташаккул ва таҳаввули низоми конститутсионӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории тоҷикон, таҷрибаи қабули конститутсияҳо ва нақши онҳо дар рушди сохтори сиёсиву ҳуқуқии мамлакат ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин дар мавзуи «Конститутсия ва мақоми занон дар ҷомеа» маъруза пешниҳод гардид. Дар он масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, баробарҳуқуқии гендерӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони ҳамоиш аҳамияти ин санади тақдирсозро дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таъкид намуданд.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"