Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода 12-13 октябр дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҷаласаи мазкур таҳти унвони «Шаҳрҳо барои ояндаи устувор» баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои устувории шаҳрдорӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, сифати муҳити зист, инноватсия ва эҷодкорӣ, банақшагирии фарогири шаҳрӣ, баланд бардоштани устувории шаҳрҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин таъмини аҳолӣ бо манзили зист, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария