Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини Вазир корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриён дар хориҷа оид ба умури ташрифот Иҳоб Сулаймон мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масалаҳои мухталифро, ки ба ҳамкории бисёрсамта байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср марбутанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории судманд ва истифодаи пурраи имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср