Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи муштараки SAUDCONSULT – Saudi Consulting Services Co . Engineering Consultants — Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва «BARS Consulting LLC»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ ва баррасии лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи шартнома ширкати машваратӣ назорати техникии корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи лоиҳавӣ ва стандартҳои муҳандисӣ, инчунин назорати сифати иҷрои корҳои сохтмониро амалӣ менамояд.
Татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб» яке аз иқдомҳои муҳим дар самти такмили шабакаи роҳҳои автомобилгарди кишвар буда, ҳадафаш беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, коҳиш додани сарбории нақлиётӣ дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр мебошад.
Роҳи нави автомобилгард асосан барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти транзитие пешбинӣ гардидааст, ки дар айни замон аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб убур мекунанд. Бо бунёди роҳи мазкур имконият фароҳам меояд, ки қисми зиёди ҳаракати нақлиёти транзитӣ, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти боркаш берун аз ҳудуди шаҳр ҳаракат намоянд.
Тибқи нишондиҳандаҳои техникии лоиҳа, масофаи роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб 10,85 километрро ташкил медиҳад. Роҳи мазкур ба дараҷаи III техникии роҳҳои автомобилгард мутобиқат намуда, дорои ду ва дар қитъаҳои алоҳида се хати ҳаракат хоҳад буд. Паҳноии ҳар хати ҳаракат 3,5 метр буда, паҳноии қисми мошингард вобаста ба қитъаҳои роҳ 7 ва 10,5 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии канораҳои роҳ 2,5 метр ва паҳноии замини роҳ аз 12 то 22 метр пешбинӣ шудааст. Суръати ҳисобии ҳаракати воситаҳои нақлиёт 40–60 километр дар як соат муайян гардидааст.
Бо назардошти хусусияти релефи минтақа дар доираи лоиҳа сохтмони як пул, 29 қубури обгузар, ду гузаргоҳи чорвогузар ва деворҳои муҳофизатӣ ба масофаи умумии 5 208 метр пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ сохтмони 1 530 метр пиёдароҳ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, насби равшаннамоӣ дар масофаи 1 530 метр, бунёди чор истгоҳи нақлиётӣ, ду гузаргоҳи пиёдагард ва насби 273 аломати роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳа бунёди ду баромадгоҳи садамавӣ, инчунин шинонидани 1815 бех дарахт пешбинӣ гардидааст. Татбиқи ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, беҳтар намудани шароити истифодаи роҳ ва ободонии ҳудудҳои ҳамшафати он мусоидат хоҳад кард.
Яке аз самтҳои муҳими лоиҳа беҳтар намудани вазъи экологӣ ва шароити зиндагии сокинони шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёти транзитӣ, ба хусус нақлиёти боркаш аз кӯчаҳои шаҳр боиси зиёд гардидани сарбории нақлиётӣ, баланд шудани сатҳи садо, афзоиши партовҳои газҳои зараровар ва зиёд шудани эҳтимоли рух додани садамаҳои роҳу нақлиёт мегардад. Бо ба истифода додани роҳи автомобилгарди таворавӣ интизор меравад, ки қисми зиёди ҳаракати нақлиёти транзитӣ ба берун аз ҳудуди шаҳр равона гардида, сатҳи садо ва ифлосшавии ҳаво дар кӯчаҳои шаҳр коҳиш ёбад.
Ҳамзамон кам шудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт дар дохили шаҳр ба фароҳам овардани шароити бехатар барои пиёдагардон, беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи бароҳатии зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб» бо маблағгузории Фонди рушди Саудӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати фармоишгари лоиҳа баромад намуда, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ» ҳамчун агентии татбиқкунандаи лоиҳа масъули ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди корҳои марбут ба татбиқи он мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз