«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид. «Шоҳҷоиза» ба коргардонҳо Файзулло Файз ва Дилмурод Масаидов барои таҳияи филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон – «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни маросими ҷоизасупорӣ синамогарон аз Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Русия, Беларус, инчунин меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди синамои миллӣ, қадршиносии заҳмати аҳли эҷод ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик баргузор мегардад.
Синамо ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, инчунин муаррифии дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар ҷомеа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ баргузории чунин чорабиниҳо барои дастгирии филмофарони ҷавон, кашфи истеъдодҳои нав, густариши ҳамкории эҷодӣ бо кишварҳои дӯст ва муаррифии шоистаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷоизаҳо аз рӯйи номинатсияҳо зерин тақсим карда шуданд:
–Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ;
–Ҷоиза барои «Беҳтарин филми дебют» ба филми мустанади «Ансор ва Мубин»-и коргардон Ҷамшед Шоев;
–Ҷоизаи «Беҳтарин рассоми таҳиягар» ба Лутфулло Неъматов барои фаъолият дар филми таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»;
–Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Наврӯз Саидов барои наворбардории филми «Моҳӣ барои Черчилл»-и коргардонҳо Орзумурод Шарифов ва Нигина Раҷабова;
–Ҷоизаи «Беҳтарин танзим» барои филми «Моҳӣ барои Черчилл»-и коргардонҳо Орзумурод Шарифов ва Нигина Раҷабова;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳ» ба филми «Нафас»-и коргардон Рустам Шоазимов;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ» ба филми «Хутали қадим»-и Рустам Сатторзода;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Пайғом»-и Таҳмина Муминова;
–Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ба Амина Ҳафизова барои нақшофарӣ дар филми «Фосилаҳо»-и Шарифбек Қосимов;
–Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Пӯлод Нозимов барои иҷрои нақш дар филми «Моҳӣ барои Черчилл»;
–Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ба Абдулҳай Зокиров барои филми «Решаҳо»;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми муштарак» ба филми «Хуршеду Моҳ»-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ ва ширкати ZARDIL SINEMA; –Ҷоизаи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» ба филми «Дузди офтоб»-и Комил Сафаров;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми бадеӣ» ба филми «Сабр»-и коргардон Зафари Валӣ;
–Ҷоизаи «Беҳтарин филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ бахшида ба 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол»» ба филми мустанади «Пешво аз қалби мардум»-и коргардон Носир Раҳмон;
–Ҷоизаи махсуси ҳакамон ба филми «Ошёни меҳр»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил;
–Ҷоизаи махсус барои рушди синамо ба устодон ва донишҷӯёни бахши сеюми тоҷикии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С. А. Герасимови шаҳри Москва (ВГИК).
Инчунин иштирокчиёни фаъол дар бахшҳои гуногуни эҷодию касбӣ бо Дипломи махсуси сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи сомон» сарфароз гардонида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филм, ки дар солҳои 2024–2026 таҳия гардидаанд, пешниҳод шуданд. Комиссияи интихоби филмҳо барои иштирок дар озмун 7 филми бадеии пурра, 6 филми бадеии кӯтоҳ, 14 филми мустанад, 6 филми аниматсионӣ ва 5 филми бо зеҳни сунъӣ сохташударо интихоб намуд.
Дар доираи синамоҷоиза беш аз 50 чорабинӣ ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, дар доираи синамоҷоиза меҳмонон мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрори шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳисорро тамошо намуданд. Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти муосир, имконоти сайёҳӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардиданд.
Намоиши филмҳо, рӯзҳои синамои кишварҳои дӯст, дарсҳои маҳорат, вохӯриҳои эҷодӣ, кинофорум, питчинг, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷумлаи чорабиниҳои синамоҷоиза буданд. Ин чорабиниҳо ба муаррифии филмҳои миллӣ, шиносоии тамошобинон бо дастовардҳои синамои давлатҳои иштирокчӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Ҳамзамон намоиши филмҳо барои синамогарон имконияти муҳокимаи таҷрибаи эҷодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории муштаракро фароҳам меорад.
Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ дар баробари рушди ҳамкории эҷодӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ба имконияти сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин рӯ синамо ҳамчун воситаи муҳими муаррифии таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҷомеа метавонад дар шиносонидани Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муассир дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» баргузор гардид. Ҳадафи он дастгирии синамои миллӣ, рушди иқтидори эҷодии филмсозон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва таҳкими ҳамкории эҷодӣ мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»