Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии 14-уми котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии
ДУШАНБЕ, 09.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Р у с ия вохӯрии 14-уми котибони Ш у роҳои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Котиби Ш у рои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ гардиданд.
Юсуф Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пайгиронаро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Дар ин замина, ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмон и Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ишора карда шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози расмии Даҳсола баргузор мегардад. Дар ин робита, аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабинии мазкур даъват ба амал оварда шуд.
Дар анҷом зарурати густариши мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдор ва рушди ҳамкории амалии иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ таъкид гардид.