Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Равандҳои сиёсии муосир ва нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар ҳамоиш масъалаҳо оид ба нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди сиёсати гендерӣ, иштироки занон дар идоракунии сиёсӣ ва саҳми онҳо дар таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарии занону мардон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии мамлакат заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Иштирокчиён аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявиро дар таҳкими донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, рушди фарҳанги конститутсионӣ ва тақвияти сиёсати гендерӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Конститутсия дар академия дар мавзуи «Марҳилаҳои ташаккули қонунгузории меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Зимни баррасии мавзуъ иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои таърихии ташаккул ва рушди он, мушкилоти таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра маърузаи илмӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"