Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» ва 13 ноябр Конфронси сеюми солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба тезонидани раванди татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Дар форум ва конфронс намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти зиддикоррупсонии давлатҳои хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ штирок менамоянд.
АКС аз бойгонӣ