Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд

АМИТ "Ховар" ·

Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали М…

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 октябри соли равон намояндагони воситаҳои ахбори омма дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии заминҳои осебдида, рушди соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот шинос шуданд.

Ҳадафи асосии сафари матбуотӣ муаррифии ташаббусҳои амалишуда, омӯзиши таҷрибаи маҳаллӣ ва нишон додани саҳми лоиҳаҳо дар истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди имкониятҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани устувории ҷомеаи деҳот буд.

Сафари матбуотӣ аз деҳаи Писатамазори шаҳри Ваҳдат оғоз гардид. Дар ин мавзеъ иштирокчиён бо корҳои барқарорсозии замин ва сабзгардонии минтақа, ки ба ҳифзи теппаҳо ва пешгирии фарсоиши хок равона шудаанд, шинос шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар маҷмуъ 64 гектар замин дар доираи лоиҳа таҳти нигоҳубин қарор дорад. Дар ин мавзеъ дарахти арча, писта ва чормағз шинонида шудааст.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Мануҷеҳр Мирзоев иттилоъ дод, ки барои беҳтар намудани шароити обёрӣ ва нигоҳубини дарахтон дар масофаи тақрибан як километр хатти обрасонӣ ташкил карда шудааст. Бо вуҷуди ин, сафедхок будани замин ба нашъунамои баъзе ниҳолҳо таъсири манфӣ расонида, нигоҳубини мунтазами онҳоро талаб мекунад.

Нигоҳубини дарахтон бо иштироки боғбон Соҳибназар Бобоҷонов, писараш ва сокинони маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли аҳолӣ дар нигоҳубини дарахтон ва ҳифзи майдонҳои сабз барои пойдории натиҷаҳои корҳои барқарорсозӣ аҳамияти муҳим дорад.

Инчунин иштирокчиёни сафари матбуотӣ дар деҳаи Заракии шаҳри Кӯлоб бо иншооти биогазӣ шинос шуданд. Он дар доираи ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои васеъ намудани имкониятҳои занони деҳоти Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори иншоот 1,3 метри мукааб газро ташкил медиҳад. Истифодаи чунин технологияҳо барои самаранок истифода бурдани захираҳои маҳаллӣ ва васеъ намудани имкониятҳои истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия дар деҳот мусоидат мекунад.

Намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол» дар вилояти Хатлон Дилшод Сафаров иброз дошт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба беҳтар намудани шароити рӯзгори аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ, аз ҷумла барои занони деҳот мусоидат намояд.

Дар идомаи сафари матбуотӣ иштирокчиён ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварда, дар деҳаи Шуғноншаҳр бо корҳои барқарорсозии заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани шароити чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ шинос шуданд.

Роҳбари хоҷагӣ Раҳмоналӣ Каримов дар бораи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати беҳтар намудани истифодаи заминҳои лалмӣ, барқарорсозии заминҳои фарсуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳубини чорво маълумот дод.

Дар доираи корҳои анҷомдодашуда барои ташкили ҷойҳои обнӯшии чорво, беҳтар намудани шароити чарогоҳҳо ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои чӯпонон тадбирҳо андешида шудаанд. Ҳамчунин дар заминҳои кишоварзӣ гандум, ҷав ва юнучқа кишт карда мешаванд, ки барои таъмини чорво бо хӯроки хушсифат ва рушди хоҷагидорӣ аҳамияти муҳим доранд.

Яке аз натиҷаҳои муҳим беҳтар гардидани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мебошад. Маълумот дода шуд, ки тақрибан 20 нафар аз ин иқдом баҳра бурдаанд. Ҳамзамон барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти хоҷагиҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Истифодаи панелҳои офтобӣ барои равшанидиҳии минтақаҳои чарогоҳӣ низ аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Дар деҳаи Лиғҷаки Поён иштирокчиёни сафари матбуотӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии таҳти роҳбарии Саъдӣ Шоев шинос шуданд. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ ва парвариши дарахтони мевадиҳанда мебошад.

Дар доираи дастгирии лоиҳа барои беҳтар намудани обёрии боғҳо хатти обрасонӣ ба масофаи тақрибан 3,5 километр ташкил карда шудааст. Дар майдони тақрибан 30 садяк дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, шафтолу ва гелос парвариш карда мешаванд. Инчунин корҳои пайвандкунии дарахтон анҷом дода мешаванд, ки барои беҳтар намудани сифати мева ва баланд бардоштани ҳосилнокии боғ мусоидат мекунанд.

Ба гуфтаи намояндагони хоҷагӣ, ҳаҷми истеҳсоли солонаи мева метавонад ба 10–15 тонна расад. Таъмини ниҳолҳо ва дастгирии корҳои обёрӣ барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ замина фароҳам меорад.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шиносоии намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳокимҷон», гармхона дар деҳаи Даштиҷум ва хоҷагии ҷангали Даштиҷум идома ёфт.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳокимҷон» ду бино барои нигоҳдории чорвои майда мавҷуд аст. Иқтидори ҳар кадоми онҳо тақрибан 1000 сар чорворо ташкил медиҳад. Фароҳам овардани шароити муносиб барои нигоҳубини чорво бахусус дар фасли сармо барои нигоҳ доштани саршумори чорво ва таъмини фаъолияти мунтазами хоҷагиҳои чорводорӣ аҳамияти калон дорад.

Дар деҳаи Даштиҷум низ дар доираи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гармхона сохта шудааст. Дар он бодиринг, помидор ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешаванд. Роҳбари гармхона Лутфияи Аламхон гуфт, ки онҳо дар як сол ду-се ҳосил ба даст меоранд. Чунин усули истеҳсол барои таъмини бозор бо сабзавоти тару тоза ва зиёд намудани даромади хоҷагӣ мусоидат мекунад.

Қисмати дигари сафари матбуотӣ ба масъалаҳои ҳифзи ҷангал ва барқарорсозии муҳити табиӣ бахшида шуд.

Муҳандиси ҳифзи ҷангали хоҷагии ҷангали Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Толибҷон Ёраҳмадов иштирокчиёнро бо корҳои анҷомдодашуда дар самти нигоҳубини дарахтон ва муҳофизати қитъаҳои ҷангалзор шинос намуд.

Толибҷон Ёраҳмадов иттилоъ дод, ки дар майдони 28 гектар боғи дарахтони челон бунёд гардидааст. Дар доираи дастгирии лоиҳа барои иҷрои корҳои зарурӣ як устохонаи корӣ ва иттилоотӣ ташкил карда шуда, атрофи боғҳо бо симтур муҳофизат шудааст. Ин тадбирҳо барои пешгирии зарар ба ниҳолҳо, беҳтар намудани нигоҳубини дарахтон ва ҳифзи натиҷаҳои корҳои ниҳолшинонӣ мусоидат мекунанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ташаббус интихоби дарахтони ба шароити табиии минтақа мутобиқ мебошад.

Истифодаи намудҳои мувофиқ ба иқлим ва хусусиятҳои маҳал метавонад ба беҳтар шудани нашъунамо ва устувории дарахтон мусоидат намояд.

Ҳамчунин дар доираи дастгирии лоиҳа ба хоҷагии ҷангал хайма, мотосикл ва мотоблок пешниҳод шудаанд. Ин воситаҳо барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон ва осон кардани корҳои нигоҳубини ҷангал, бахусус дар минтақаҳои дурдаст мусоидат карда метавонанд.

Табиати зебо ва гуногунии манзараҳои Даштиҷум аҳамияти ҳифзи чунин мавзеъҳоро боз ҳам бештар менамоянд. Нигоҳубини ҷангал, пешгирии осеб ба дарахтон ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба корҳои ҳифзи муҳити зист барои нигоҳ доштани ин сарвати табиӣ нақши муҳим доранд.

Дар маҷмуъ шиносоӣ бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо нишон доданд, ки ташаббусҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии заминҳои осебдида, зиёд намудани масоҳати ҷангалзорҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот равона гардидаанд.

Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони деҳот, фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳо дар баробари мушкилоти экологӣ мусоидат намояд.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА, АМИТ «Ховар» АКС: АМИТ «Ховар» Душанбе–Хатлон–Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"