Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳи расмии форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гардид.
Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона байни кишварҳо, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо ва мусоидат ба ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамзамон, он барои табодули афкору таҷриба ва муайян намудани роҳҳои нави рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангии мамлакат бо кишварҳои ҷаҳон, муаррифии арзишҳо ва дастовардҳои фарҳанги миллӣ, инчунин густариши ҳамкории судманд дар самти ҳифз, эҳё ва тарғиби мероси фарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми дар доираи ташаббуси «Раванди Боку», ки аз соли 2008 инҷониб ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои густариши муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории байнидавлатӣ мусоидат мекунад, баргузор мегардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон