Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·

ҲИСОР, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор иншооти нави ҳаётан муҳим ба истифода дода шуданд.
ҲИСОР, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор иншооти нави ҳаётан муҳим ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Дар деҳаи Кафшдӯзони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Шафеъ Барот мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд ёфтааст. Бинои мактаб аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он зиёда аз 500 хонанда дар ду баст бо ҷойи нишаст таъмин гардиданд.Инчунин дар бинои мактаб Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои ду гурӯҳ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Ҷалолобод ва Деҳи Нави Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо коргоҳи хурди дӯзандагӣ, маркази касбомӯзӣ бо 10 ҷойи кор ва ошхонаи миллӣ барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт ба истифода дода шуд. Дар ин рӯз ба кӯдакони ятим лавозимоти хониш тақдим гардид.
Ҳамзамон дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор майдончаи варзишии замонавӣ бо ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳот бунёд карда шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор