Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида ба 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинӣ баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида ба 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар чорабинӣ иҷрокунандаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Каролин Дубровски, намояндагони сохторҳои давлатии ИМА, роҳбарон ва аъзои корпуси дипломатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, илмию академӣ ва коршиносон, инчунин фаъолони ҷомеаи тоҷикон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки давоми 34 сол бо шарофати талошҳои созандаи роҳбарони ҳар ду давлат муносибатҳои ду мамлакат рушд ёфта, ба сатҳи баланд баромаданд. Сафир марҳилаҳои муҳимми рушди ҳамкорӣ, вохӯриҳои сатҳи олӣ ва баланд, баргузории мунтазами Машваратҳои солонаи дуҷониба, ки ҷаласаи 10-уми он моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Вашингтон доир гардид, нахустин вохӯрии сатҳи баланд дар қолаби «Осиёи Марказӣ + ИМА» (C5+1) дар соли 2015 ва нишасти таърихии сарони давлатҳо дар қолаби C5+1 дар моҳи ноябри соли 2025-ро махсус таъкид намуд. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2027 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Форуми тиҷоратии B5+1 хоҳад буд.
Сафир таъкид намуд, ки вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп ба густариши ҳамкории дуҷониба такони ҷиддии нав бахшид.
Таъкид гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатори панҷ сармоягузори асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад. Шартномаи ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон оид ба хариди ҳавопаймоҳои ширкати «Boeing» ба маблағи 3 миллиард доллар ва Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи умумии 78 миллион доллар ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкории дутарафа арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ иҷрокунандаи муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Каролин Дубровски мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ табрик гуфт. Ӯ рушди мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро таъкид намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими субот ва амнияти минтақа ва пешбурди ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ кард. Каролин Дубровски омодагии ҷониби амрикоиро барои минбаъд густариш додани ҳамкории мутақобили судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Ба ҳозирин навори муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷараёни саволу ҷавоб иштироккунандагон имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар чорабинӣ намоишгоҳи мусаввараҳо ва нигораҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон ва таомҳои миллӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон ба иштирокдорони чорабинӣ маводи таблиғотӣ оид ба имконияти сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон тақсим карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико