Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб намуд. Тавре ба

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ футболбоздухтарони тоҷик бар тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуданд.

Қаблан дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун бозиро мусовӣ (1:1) карда, аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:6 мағлуб шуда буд.

Дар натиҷа, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби чор имтиёз дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мақоми дуюмро ишғол кард. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо нуҳ имтиёз ғолиби гурӯҳ гардида, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"