«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар IT Park-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ таҳти унвони «eDonish: мактаб, волидайн ва таҳсилот дар муҳити рақамӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Брифинг ба муаррифии марҳилаҳои рушди eDonish, имкониятҳои амалкунандаи он ва нақши низом дар ташаккули муҳити рақамии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бахшида шуд.

Иброз гардид, ки фаъолияти eDonish соли 2020 ба таври пилотӣ дар панҷ муассисаи таълимии пойтахт оғоз ёфт. Дар марҳилаи аввал имкониятҳои он асосан аз журнали электронӣ ва рӯзномаи хонанда иборат буданд. Бо ҷамъбасти таҷрибаи аввалин, доираи истифодаи низом васеъ гардида, он тадриҷан равандҳои гуногуни ҳаёти мактабро фаро гирифт.

Ин ташаббус дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, технологияҳои муосир ва иқтисоди рақамӣ амалӣ мегардад. Дар сатҳи пойтахт бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар доираи тадбирҳои роҳбарияти шаҳр таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои густариши инфрасохтори рақамии муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, корҳои пайваст намудани муассисаҳои таълимии аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда ва чор муассисаи аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда, ташкили шабакаҳои маҳаллии Интранет дар синфхонаҳо ва таъмини онҳо бо компютерҳои замонавӣ амалӣ гардиданд. Ин тадбирҳо барои истифодаи васеи воситаҳои рақамӣ дар раванди таълим заминаи муҳим гузоштанд.

Имрӯз eDonish аз доираи журналу рӯзномаи электронӣ фаротар рафта, як қатор хизматрасониҳои ба ҳам алоқамандро муттаҳид мекунад: қабули электронии хонандагон ба мактаб, бақайдгирии давомот, журнал ва рӯзномаи электронӣ, дастрасии волидайн ба маълумоти таҳсил, воситаҳои идоракунии муассиса, таҳлили нишондиҳандаҳо ва захираҳои электронии омӯзишӣ.

Ин муҳит ба омӯзгор имкон медиҳад маълумоти таълимиро дар як низом сабт кунад, ба хонанда ва волидайн дастрасии саривақтӣ ба иттилооти заруриро фароҳам меорад ва ба роҳбарияти муассиса дар пайгирии равандҳои таълимӣ ва қабули қарорҳои асоснок мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи eDonish нишон медиҳад, ки рақамикунонии маориф бо гузариш аз коғаз ба экран маҳдуд намешавад. Мақсади асосӣ ташкили муҳити ҳамгиро, дастрасу шаффоф барои фаъолияти мактаб, ҳамкории омӯзгорону волидайн ва идоракунии муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, eDonish ҳамчун яке аз абзорҳои калидии рақамикунонии маорифи шаҳри Душанбе барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои электронии соҳа ва таҳкими робитаи мактаб бо оила замина фароҳам меорад.

Дар анҷом барои журналистон пресс-тур ташкил гардид. Онҳо бо фаъолияти даста, раванди дастгирии корбарон ва ҷанбаҳои амалии кори низом аз наздик шинос шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"