Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкори мисрӣ, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати «Smart Villages» ва раиси Шурои директорони ширкати «Silicon Waha» Одил Дониш мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Одил Дониш бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада, дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ – AICONF-2026 иштирок намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Мисрро дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва истихроҷу коркарди захираҳои маъданӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина имконияти ҷалби сармоягузориҳои мисрӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ширкатҳои технологӣ дар рушди инфрасохтори саноатӣ ва рақамии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳамзамон ба масъалаи истифодаи иқтидори ширкатҳои Smart Villages ва Silicon Waha дар самти рушди инфрасохтори муосири технологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, ҷалби сармоя ба коркарди захираҳои маъданӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро дар равандҳои истеҳсолӣ баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"