Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст. Бахшида ба 35-солагии

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.   Дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия як зумра корхонаҳои саноатӣ  мавриди истифода  қарор дода шуданд, ки ин номгӯйро афзоиш дод.

Ёдовар мешавем, ки   27 сентябри соли равон   д ар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки бо бунёди онҳо шумораи корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ  афзуд.

Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ «Дарвоз аква» бо 30 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60  кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ «Парки иноватсионии саноатию технологӣ»  бо 6 ҷои корӣ, меҳмонхонаи «Помир -роҳи абрешим» барои 30  меҳмон бо 10 ҷои корӣ, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150  меҳмон бо 20 ҷои корӣ ва ҶДММ «Тоҷ Корея» оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷои корӣ ифтитоҳ гардид.

Хотиррасон мешавем,  ки моҳи июни соли 2025 роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода супоридани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар вазъият ва рӯҳияи идона сурат гирифт.

Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст.

Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.

Ин роҳ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"