ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" · · g1221874

21 октябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннанро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 сол пеш, 21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

***

21 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

***

21 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

***

21 октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, ба ҳузур пазируфтанд.

21 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии норасоии йод

***

Дар Беларус- Рӯзи падар.

***

Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ

РӮЙДОДҲО:

21 октябри соли 1520 Фернан Магеллан, баҳрнаварди машҳури португалӣ гулӯгоҳеро кашф кард, ки баъдан бо номи гулӯгоҳи Магеллан маъруф гардид.

***

21 октябри соли 1969 дар Тошканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ доир шуд.

***

21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Русия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Душанбе намояндагии Бонки авруосиёии рушд ифтитоҳ гардид.

***

21 октябри соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобил барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

***

21 октябри соли 2022 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.

Источник: АМИТ "Ховар"