Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои муштараки роҳбарони мақомоти назоратии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардида истодааст, Прокурори
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои муштараки роҳбарони мақомоти назоратии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардида истодааст, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории байниидоравӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ тақозо намуданд.
Ба механизмҳои амалӣ, аз қабили мубодилаи мунтазами таҷрибаи касбӣ, мубодилаи мутақобилаи маълумоти оперативӣ ва расонидани ёрии муассири ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон