Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.
Марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон — Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Лоиҳа қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
Ҳоло аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ раванди интихоби ширкатҳои машваратӣ ва паймонкор барои бунёди роҳи Шипад-Пастхуф ҷараён дорад.
Марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнонро бо дарозии 80 километр дар бар мегирад.
Татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез имкон медиҳад, ки аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ роҳҳо мумфарш шуда, бехатарии ҳамлу нақл беҳтар гардад, вақти сафар кутоҳ, хароҷот барои интиқоли молу маҳсулот кам шавад, ташаккули тиҷорати минтақавӣ таъмин ва иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар долони байналмилалии нақлиётӣ афзоиш ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори вазорату идораҳо ва коргарону мутахассисонро барои босифат ба анҷом расонидани сохтмон, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди қисматҳои дигари роҳ ва оғоз намудани сохтмон вазифадор карданд.
Мумфаршкунии роҳи қитъаи Шоҳон-Зиғар, маркази ноҳияи Рӯшон ва Хоруғ-Роштқалъа дар доираи татбиқи лоиҳаҳо анҷом дода мешаванд.
Қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дарозии 34 километр мумфарш карда мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки қитъаи Шоҳон-Зиғар соли 2011 ба истифода дода шуда буд ва дар муддати 15 соли истифода баъзе аз қисматҳои роҳ осеб дидаанд. Дар доираи мумфаршкунӣ бартарафкунии кӯҳу камари рехта ва барқарорсозии қисматҳои харобгардидаи ин масир низ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳи маркази ноҳияи Рӯшон бошад, бо дарозии 20 километр навсозӣ шуда, тибқи талабот барои ҳаракат шароит хуб мегардад.
Дарозии умумии роҳи Хоруғ-Роштқалъа 37 километрро дар бар гирифта, қад-қади дарёи Шохдара мутобиқ ба талабот барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад. Кандани хок, бартарафкунии кӯҳу камар, бунёди такядеворҳо, мустаҳкамкунии соҳили дарё ва таъмини бехатарии ҳаракат дар доираи амалишавии лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии лоиҳаи роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ҷиҳати дар оянда ҷалб кардани сармоя ва анҷом додани сохтмон ҷараён дорад. Тибқи нақшаи пешакӣ, дарозии умумии роҳ 104 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии 12 метр барои нақлиёт сохта мешавад.
Роҳи Хоруғ-Ишкошим яке аз масирҳои муҳими стратегӣ ва сайёҳии Бадахшон ба шумор рафта, таҷдиди он пайвастагии нақлиётиро беҳтар, бехатарии ҳаракат ва рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин мекунад.
Дар маҷмуъ, дар доираи 6 лоиҳа, ки ба Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ муаррифӣ карда шуд, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои наздик бунёд, навсозӣ ва мумфаршкунии 358 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Дар идомаи ҳамин тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои намунавии супориши Роҳбари давлат навсозии роҳи водии Язгулом ҷараён дорад. Аллакай то охирон деҳаи ин водии ноҳияи Ванҷ ба масофаи 34 километр корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунӣ ба анҷом расонида шуда, аз ин 16 километр мумфарш шудааст. Мумфаршкунии 16 километри дигар анҷом дода мешавад. Ин роҳ дорои аҳамияти маҳаллӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи Рӯшон сохта мешавад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сохтмони роҳи мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб – Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Каросу ояндаи наздик оғоз меёбад.
Бунёди роҳу пул ва нақбҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар долони байналмилалии Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракати нақлиёт дар 4 фасли сол таъмин гардад, сокинони маҳаллӣ аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар шаванд ва боркашонии байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон афзоиш ёбад.