РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар гардидааст. Ин сана аз соли 1997 ин ҷониб ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи
ДУШАНБЕ, 0 7 . 11 .2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар гардидааст. Ин сана аз соли 1997 ин ҷониб ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи театр ба таъсиси нахустин театр дар Тоҷикистон рабт дорад. Ин театри драмавӣ буд, ки 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфта, баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминзода иттилоъ дод, то 1 июни соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 театри халқӣ, 2 театр-студия, 5 амфитеатр ва 18 театри касбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар Тоҷикистон 15 театр фаъолият мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад».
Бахшида ба 35-солагии Истилолияти давлатӣ 24 августи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукуҳи Театри миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Театри миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзишманду беназир ба мардуми Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар арзёбӣ гардид.
Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Сохтмони ин қасри бузурги фарҳангӣ 11 сол қабл оғоз ёфта буд, яъне 17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ хишти аввали Театри миллии Тоҷикистонро гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна – ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯизаминӣ иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад.
Он дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст. Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо назардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст. Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидааст. Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст дошта, толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст.
Театр дар тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, бунёди чунин қасри бузурги фарҳангӣ шаҳодати таваҷҷуҳи хос ба рушди санъат ва эҷоди шароити мусоид барои аҳли фарҳанг мебошад.
Инчунин барои рушди театри тоҷик аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз чандин барномаҳо амалӣ гардидаанд. Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд, ки 30 сентябри соли 2024 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барои рушду такомули соҳаи театрӣ ва ҳалли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Барнома бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои театрӣ, драматургияи муосир ва намоишҳои нав, ҷалби тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театрӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва омода кардани кадрҳо дар самти театр дар дохил ва хориҷи мамлакат амалӣ мегардад. Бо татбиқи ин барнома то соли 2029 соҳаи санъати театрӣ бештар тарғибу ташвиқ гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои театрӣ таъмин карда мешавад. Инчунин барои рушди фаъолияти театрӣ ва афзудани сафарҳои ҳунарии театрҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад»,-гуфт Мирзоолим Саидов.
Ёдовар мешавем, ки барои рушду нумӯи театр пайваста озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ташкил мегарданд. Дар заминаи ин гуна озмунҳо фаъолияти театрҳои мардумӣ ва касбии шаҳру навоҳии мамлакат беҳтар гардида, спектаклҳои нав ба нав рӯйи саҳна омаданд. Яке аз ин онҳо Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» мебошад. Дар ин озмуни фарҳангӣ театрҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо намоишҳои нав иштирок мекунанд. Инчунин солҳои охир коргардонҳо ва ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ бо намоишҳои нави театрӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Фестивал-озмуни кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз» ва Фестивали байналмилалии «Фаҷр» аз қабили он озмунҳои фарҳангие ҳастанд, ки ба рушди санъати театрӣ ва ҳамкории эҷодии ҳунарпешагон мусоидат мекунанд.
Метавон гуфт, ки маҳз истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар ин давра театри тоҷик мустақил гардид. Яъне, театр дар интихоби драма, ҳунарпеша, басаҳнагузорӣ ва сафарҳои эҷодӣ фаъол гардид. Дар барномаҳои театрҳо намоиши асарҳои худӣ ва дорои ангезаи миллӣ низ бештар гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»