Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ВАРЗОБ, 18.11.2026 /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бо 1005 ҷойи нишаст дар ду баст, инчунин дар деҳаи Калони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо 480 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода мешавад. Биноҳои таълимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва саҳми сокинону соҳибкорон навсозӣ гардидаанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи Варзоб Марҳабо Абдуллозода иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани муассисаи таълимӣ дар деҳаи Шодоб мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бартараф гардида, хонандагон дар синфхонаҳои наву замонавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки бинои асосии ин мактаб дар даврони собиқи шуравӣ бунёд ёфта, бо зиёд гардидани шумораи хонандагон дар он мушкилоти ҷойи нишаст ҷой дошт.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои бартараф гардидани мушкилоти омӯзгорону хонандагон бинои дуошёнаи замонавӣ, ки дорои 16 синфхона мебошад, бунёд гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва саҳми сокинону соҳибкорони ноҳия дар деҳаи Калони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Тибқи иттилоъ, бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар деҳаҳои навбунёде, ки сокинонашон ба мушкилии надоштани муассисаҳои таълимӣ дучор буданд, дар айни замон сохтмони муассисаҳои таълимии нав идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Сементзавод-2 даҳ синфхона барои 480 хонанда дар ду баст, дар деҳаи Работ 12 синфхона барои 560 хонанда дар ду баст ва дар деҳаи Дашти Ринҷон 11 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст дар муассисаҳои таълимии нав бунёд гардида истодаанд.

Ҳамчунин сохтмони ҳашт синфхона барои 280 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45, шонздаҳ синфхона барои 800 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 нафар дар назди Гимназияи давлатии №1 идома дорад.

Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб биноҳои иловагию асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Панҷхок барои 240 хонанда дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Чинор барои 240 хонанда дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Чашмаи сада барои 400 хонанда дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Намозгаҳ барои 200 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Гулбоғ-1 барои 150 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Гулбоғ-2 барои 192 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳаи Қулписта барои 100 хонанда дар як баст ва дар назди 7 муассисаи таълимӣ 7 бинои Маркази инкишофи кӯдак мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 172 иншоотро ба истифода доданд, ки 108 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз 172 иншооти баистифодадода 47 иншоот ба соҳаи фарҳангу маориф рост меояд.

Субҳониддини МАҲМУД, АМИТ «Ховар» АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"