«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат таҳти унвони «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат таҳти унвони «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» дар соли 2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар озмун 139 донишҷӯ аз 25 муассисаи таълимии олии мамлакат ва 4 муассисаи олии хориҷӣ иштирок намуд.  Дар озмун довталабон аз рӯйи 12 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва узбекӣ маҳорату дониши забондониашонро санҷиданд.

Тибқи натиҷаҳои муайянгардида ва хулосаи ҳакамони соҳибтаҷрибаю соҳибзабон, аз рӯйи 10 равия ғолибон муайян карда шуданд. Дар натиҷа 9 нафар ҷойҳои якум, 8 нафар ҷойҳои дуюм, 10 нафар ҷойҳои сеюмро гирифта, 21 донишҷӯ бо ҷойҳои ифтихорӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат барои омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Источник: АМИТ "Ховар"