Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 20 ноябр давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД)

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 20 ноябр давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давр нафароне, ки дар шакли ғоибона таҳсил кардан мехоҳанд, иштирок карда метавонанд.

Имтиҳонҳои давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026  29 ноябр баргузор гардида, натиҷаи он 3 декабр муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2026 баргузор шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"