Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард

АМИТ "Ховар" ·

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Хабаргузории Кувайт KUNA Муҳаммад Ал-Манноъӣ мулоқот намуд. Тавре

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 12 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Хабаргузории Кувайт KUNA Муҳаммад Ал-Манноъӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории иттилоотию расонаӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд.

Дар ин замина, ҷонибҳо бар аҳаммияти татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи ҳамкорӣ, ки 3 ноябри 2024 дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Хабаргузории Кувайт KUNA ба имзо расида буд, таъкид карданд.

Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафайн ба густариши бештари ҳамкорӣ байни бунгоҳҳои хабарии ду мамлакат, табодули маводди хабарӣ, баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар ва бозтоби пайвастаи рӯйдодҳои муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"