Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи XXXIII Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андоз хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ноиби Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Денис Трефилов сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил давоми солҳои зиёд дар мустаҳкам кардани дӯстӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории созанда байни кишварҳои аъзо нақши муҳим дорад.

Дар доираи иттиҳод ва шуроҳои ихтисосии он гуфтугӯи устувор нигоҳ дошта шудааст, ки он барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳавӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани қарорҳои муфид барои манфиатҳои давлатҳо ва халқҳоямон имконият фароҳам месозад.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андоз дар солҳои 2025-2026, фаъолияти гурӯҳҳои кории назди шурои ҳамоҳангсозӣ муҳокима гардиданд. Инчунин иштирокчиён масъалаҳои имконияти истифодаи зеҳни сунъиро барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҳамкории байналмилалӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки қарорҳои қабулшуда барои мустаҳкам намудани робитаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав истифода хоҳанд шуд.

Имсол ба таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 сол пур шуд.

Дар анҷоми ҷаласа як зумра роҳбарон ва коршиносон барои саҳми арзанда бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"