Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров дар Бозиҳои V параосиёӣ соҳиби медали нуқра гардид. Ин аввалин медали ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои параосиёии тобистона мебошад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Шоҳрух Назаров 20 октябр дар намуди парадзюдо, дар вазни то 81 кг ва синфи J1, ки барои варзишгарони нобино пешбинӣ шудааст, ҳунарнамоӣ карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои V Параосиёӣ аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи давлати Ҷопон баргузор мешаванд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ 10 варзишгар — 9 мард ва 1 зан дар шаш намуди варзиш иштирок менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз