Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар брифинги «Аз Женева ба Абу-Забӣ тавассути Дакар: мавқеи ботлоқзор дар рӯзномаи ҷаҳонии об», ки аз ҷониби Котиботи Конвенсия оид ба ботлоқзор дар доираи омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026 баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Намояндаи доимии Тоҷикистон робитаи зичи пиряхҳо ва ботлоқзор, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обро таъкид намуда, Конвенсия оид ба ботлоқзорро ба саҳмгузорӣ дар омодасозии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе даъват намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"