Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд.

Бунёди муҷассамаи шоири бузург дар маркази ноҳия нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад.

Иншооти мазкур барои боз ҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон, аҳамияти барҷаста дорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони гунг ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба истифода доданд. Иншоот дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ бо ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он ошхонаи замонавӣ бо 140 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст.

Иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд, меҳмонхонаи Сомониён мебошад. Дар ин иншоот маркази савдо, тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маориф — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 барои 800 хонанда дар бу баст дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ, бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 1200 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабии №18 барои 280 кӯдак дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии №19 барои 100 кӯдак дар деҳаи Ганҷинаи деҳоти Роҳатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба истифода додани ин муассисаҳои таълимӣ шароити илмомӯзӣ ва таълиму тарбия дар деҳаҳои мазкур беҳтар гардида, барои ояндаи дурахшони толибилмон заминаи мусоид фароҳам меояд.

Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, як иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Беморхонаи минтақавии деҳоти Роҳатӣ бо 30 кат дар деҳаи Роҳатӣ қомат афрохтааст. Бунёди ин беморхона сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуда, ба солимгардонии аҳолии деҳоти Роҳатӣ мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба истифода доданд. Бинои ҷамоат дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.

Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои ҷойгир намудани 8 оила дар деҳаи Роҳатӣ мебошад.

Бунёди чунин иншоот ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳо, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд. Бинои мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ду чоҳи амудиро, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст, ба истифода доданд. Тавассути ин чоҳҳо бо дарозии 3,5 километр аз деҳаи Қарияи Камари деҳоти Чоргултеппа то маркази шаҳраки Сомониён хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст. Се чоҳи амудии дигар низ, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст ва об дар 2 обанбори ҳаҷмаш 1500 метри мукааб ҷамъ мешавад, дар ин рӯз ба истифода дода шуд. Оби ин обанбор бо хатти оби нӯшокии 11 километра барои таъмини деҳаҳои Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён, Турдиев ва Коргари шаҳраки Мирзо Турсунзода истифода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 5 километр аз деҳаи Кӯктош то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён, хатти обу корез бо дарозии 5 километр аз деҳаи Оби Шифо то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд.

Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истгоҳи барқии тавоноиаш 16000 кв дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Истгоҳи барқӣ дар деҳаи Мадад ҷойгир буда, барои бо барқ таъмин намудани аҳолии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод пешбинӣ шудааст.

Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 3 корхонаи истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Таҷ фарма дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ФМ Аҳмадӣ бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор хишт дар як шабонарӯз дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Гулистон мебошанд. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи кори мувофиқ фароҳам оварда шуд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи кашидани хатти оби корезӣ бо дарозии 5,3 километр шинос шуданд. Хатти мазкур барои биноҳои истиқоматии баландошёна аз кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён то деҳаи Қарияи Камар хизмат хоҳад кард.

Ба истифода додани 20 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Рӯдакӣ аз идомаи корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Иншооти нав соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди энергетика, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Источник: АМИТ "Ховар"