Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Тандурустии миллӣ-2026» бо иштироки коршиносони байналмилалӣ конгресси 5-уми миллӣ доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, конгресси мазкур ҳамасола ҳамчун платформаи ягонаи муколамаи байнидавлатӣ дар Федератсияи Русия баргузор гашта, дар он мутахассисону коршиносон аз давлатҳои гуногун муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустиро муҳокима мекунанд.

Дар конгресс ташаббусҳои стратегӣ, ки роҳи рушди соҳаи тандурустиро дар солҳои оянда муайян мекунанд, аз қабили тибби фардӣ, рушди инфрасохтор ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва сиёсати кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи он иҷлосияи “Эъломияи Москва оид ба тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ: 15 соли тағйироти системавӣ” доир шуд. Соли 2026 15-солагии Эъломияи Москва дар бораи тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, ки он ҳуҷҷати муҳим дар ташаккули рӯзномаи муосири байналмилалии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ба шумор меравад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Маркази миллии таҳқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский Амиран Ревишвили вохӯрӣ намуда, доир ба тақвияти ҳамкории муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маркази мазкур мубодилаи афкор намуд.

Ин марказ дар самтҳои ҷарроҳии шикам, ҷарроҳии рагҳо, ҷарроҳии дил, ҷарроҳии сина, табобати ҷароҳатҳои гармӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолият менамояд. Он яке аз муассисаҳои ҷарроҳии бисёрсоҳавӣ дар тобеияти Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ба шумор меравад.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони тандурустии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Хорватия ва ректори Донишгоҳи тиббии Қазон вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон доир ба натиҷаҳои конгресс ва ҳамкории Тоҷикистону Русия мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"