Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду созишномаро, ки ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии субот ва рушд  равона шудаанд, тасдиқ намуд. Дар ин

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду созишномаро, ки ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии субот ва рушд  равона шудаанд, тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин фонд хабар доданд.

Яке аз ин созишномаҳо пешниҳоди маблағгузории устуворсозиро аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарз ба маблағи 200 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешбинӣ менамояд.

Созишномаи дуюм шартҳои будубош ва фаъолияти Фонди авруосиёии субот ва рушд дар Тоҷикистонро муайян намуда, заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти фонд дар мамлакат фароҳам меорад.

Санад дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори идоракунандаи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Мандрон Ярослав ба имзо расонида шуд. Созишномаҳо дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баррасӣ шуданд.

Тасдиқи созишномаҳо марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкории байни Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак шароит фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"