Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи…

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ лорд Вернон Коаке мулоқот намуд,

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ лорд Вернон Коаке мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва бартараф намудани омилҳои мусоидаткунандаи терроризму ифротгароӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Ба таъкиди котиби Шӯрои амният дар ин самт идомаи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» ифодагари нақши фаъолу назарраси кишвари мо дар рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳкими сулҳу эътимод дар сайёра мебошад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардиданд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи дуҷониба оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"