Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад, тибқи лоиҳа бино аз ду ошёна иборат буда, барои қабули 220 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар сохтори он утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, толори маҷлисӣ ва устохонаҳои таълимӣ ҷой дода мешаванд. Яке аз ҷузъҳои муҳими лоиҳа сохтмони хобгоҳ барои хонандагон мебошад.

Бо назардошти шароити ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавии ҷамоату деҳаҳои ноҳия барои муҳассилине, ки аз маҳалҳои дурдаст ба литсей меоянд, бинои чорошёнаи хобгоҳ барои 100 нафар ба нақша гирифта шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда 1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар айни замон болопӯши бетонии яклухти ошёнаи якуми бино ба анҷом расида, корҳои минбаъдаи сохтмонӣ идома доранд. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, навбати аввали Литсейи касбии техникӣ дар соли таҳсили 2027-2028 ба истифода дода мешавад. Арзиши умумии лоиҳаи иншоот зиёда аз 22 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ бо сохтмон ба сифати иҷрои корҳо, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва муҳлатҳои пешбинишуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Литсейи касбии техникӣ дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омодасозии мутахассисони касбӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар бунёд мегардад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"