ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии Нуъмонҷон Юсупов барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА ба Озарбойҷон сафар карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Ҷоми ҷаҳон байни наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА аз 24 то 30 октябр дар шаҳри Боку доир мешаванд.

Дар марҳилаи аввал дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Барбадос, Чили, Конго, Кувайт ва Испания мебошанд.

Бозиҳо дар шакли 8 бар 8, дар майдонҳои андозаашон 68 ба 47 метр баргузор мешаванд. Давомнокии ҳар бозӣ 40 дақиқаро ташкил дода, аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат аст.

Мусобиқа аз ду марҳила иборат мебошад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо ҳамаи ҳарифони гурӯҳи худ вомехӯранд. Аз рӯйи натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ иштирокчиён вобаста ба нишондиҳандаҳои варзишӣ ба шаш сатҳ тақсим карда мешаванд.

Дар марҳилаи дуюм дастаҳо рақобатро бо ҳарифони ҳамсатҳи худ идома медиҳанд. Ҳар дастаи мунтахаб аз чор то панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Ғолибон дар ҳар яке аз шаш сатҳ муайян карда мешаванд. Дастаи беҳтарини сатҳи олӣ – Tier A – нахустин ғолиби FIFA U-15 World Cup & Festival дар таърих хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, ҳар даста дар ҷараёни мусобиқа имкони баргузории на камтар аз нуҳ бозии байналмилалиро пайдо мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"