Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳод дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва такмили ҳамкории байнидавлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, такмили ҷустуҷӯи байнидавлатии шахсон, татбиқи амалҳои тафтишотии фосилавӣ, инчунин ташкили фаъолияти қисмҳои навбатдорӣ ва марказҳои идоракунии фаврӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон омодасозии лоиҳаи «Барномаи байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2029–2033», «Созишнома оид ба табодули иттилооти геномӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ» ва «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ» муҳокима карда шуд.
Инчунин ба такмили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории рақамӣ ҷойгоҳи муҳим доштанд. Дурнамои ҳамкорӣ дар самти табодули электронии иттилоот, аз ҷумла масъалаҳои ба қайд гузоштан ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёт, додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ, инчунин такмили ҳамкории иттилоотӣ ҳангоми ташаккули Бонки байнидавлатии иттилоотӣ баррасӣ гардиданд. Пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 6 марти соли 1998 ва Низомномаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа қарорҳои дахлдоре қабул намуданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани самаранокии табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои муштарак дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ равона шудаанд.
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2027 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон