Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон бо марказҳои пешрафтаи илмию таҳқиқотии Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ва дигар масъалаҳои дахлдор оид ба ҳамкории илмӣ 27 октябр дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, густариши робитаҳои академӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои илм, маориф, технология ва инноватсияро муҳокима намуданд.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба густариши ҳамкории судманд бо муассисаҳои илмии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тақвияти робитаҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи олимону муҳаққиқон ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалӣ медонад.
Мусоҳибон ҳамзамон ба масъалаҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҳкими иқтидори муассисаҳои илмӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои байналмилалии илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо нақши муҳими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳамчун майдони мусоиди густариши ҳамкории бисёрҷониба, таҳкими робитаҳои илмӣ ва табодули дастовардҳои зеҳнӣ арзёбӣ намуда, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо барои рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ таъкид карданд.
Дар идомаи суҳбат масъалаҳои ташкили конференсияву ҳамоишҳои муштараки байналмилалӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, таҳкими ҳамкории байни муассисаҳои академӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки муҳаққиқон дар барномаҳои илмию инноватсионӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон