Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 / АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар шаҳри Вентян мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар ва ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаосро муовини вазири корҳои хориҷӣ Майтонг Таммавонса роҳбарӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ба масъалаҳои таҳкими муколамаи байнидавлатӣ, такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳо, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин гузаронидани машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон