Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·

НУРОБОД, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, таъмини
НУРОБОД, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва фаъолону кормандони шабакаҳои барқи минтақа иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-минтақаи Рашт дар 8 моҳи соли 2026, сатҳи талафоти неруи барқ, ҳолати шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, қарздорӣ ва ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 8 моҳи соли равон талафоти умумии неруи барқ дар шабакаҳои барқи шаҳри Роғун 10,69 фоиз, ноҳияи Рашт 19,45 фоиз, ноҳияи Лахш 15,90 фоиз, ноҳияи Сангвор 11,58 фоиз, ноҳияи Нуробод 17,30 ва ноҳияи Тоҷикобод 17,94 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Усмоналӣ Усмонзода оид ба коҳиш додани талафоти неруи барқ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва низоми биллингӣ, расонидани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо то 100 фоиз ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ибрози назар намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид шуд, ки талафоти неруи барқро танҳо бо омилҳои техникӣ шарҳ додан дуруст нест. Фарсудашавии хатҳои интиқол, трансформаторҳо ва таҷҳизоти барқӣ метавонад яке аз омилҳои талафоти техникӣ бошад, аммо талафоти тиҷоратӣ низ ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, пайвастшавии худсарона ба шабакаҳо, дахолат ба кори ҳисобкунакҳо, пинҳон намудани ҳаҷми воқеии истеъмол ва дуздии неруи барқ аз ҷумлаи ҳолатҳое мебошанд, ки метавонанд боиси афзоиши талафоти тиҷоратӣ гарданд.
Дар кори ҷаласа муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои маълумот пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
Бояд гуфт, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии талафоти он ва таъмини пардохти пурраи маблағи барқи истифодашуда аз масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии ин масъалаҳо дар фаъолияти устувори низоми энергетикӣ, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ таъсири хуб мерасонад.
Субҳониддини МАҲМУД, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»