Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1816670
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Чжиюан баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷойгиршавӣ ва фаъолияти самараноки намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Пекин, инчунин таҳкими заминаҳои моддию инфрасохтории онҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории консулӣ, содагардонии тартиби рафтуомади шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мубодилаи иттилоот оид ба шаҳрвандон, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади донишҷӯён ва ронандагони нақлиёти боркашро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос барои низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил, такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи дипломатии Чинро баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, тақвияти ҳамкориҳои амалӣ ва пешбурди масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон