Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳс…

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /НИАТ «Ховар»/. 30 октябр дар доираи Шарҳи ҷаҳонии Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба мусоидат ва савдо, бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор шуд .

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар доираи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои калидии марбут ба рушди савдо ва иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, беҳтар намудани низоми транзитӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони кишварҳои аъзо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди афзалиятҳои тиҷоратӣ ва дастгирии рӯзномаи рушди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон аҳаммияти татбиқи «Барномаи амалиёти Аваза барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ барои солҳои 2024–2034» ҳамчун заминаи муҳими пешбурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратии ин кишварҳо таъкид гардид.

Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ҳамчун ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро бар уҳда дошта, ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо, пешбурди рӯзномаи муштарак ва ҳимояи манфиатҳои умумии онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"