Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар…

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии мамлакат дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии мамлакат дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии ниҳоди мазкур иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҷаласа дар шаҳри Андорра бо иштироки беш аз 170 вакили парлумон аз 49 давлати аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид. Дар он масъалаҳои риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар шароити танишҳои геополитикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ, гибридӣ ва хатарҳои вобаста ба зеҳни сунъӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён оид ба зарурати коҳиш додани вобастагии стратегӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим ва таъмини амнияти энергетикӣ, инчунин ҳимояи кӯдакон ва гурӯҳҳои осебпазир аз таҳдидҳои фазои рақамӣ ибрози назар намуданд.

Аҳаммияти таҳкими саводнокии рақамӣ, ҳифзи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва таъмини истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ иброз гардид.

Зимни суханронӣ Маҳмадшоҳ Гулзода мавқеи Тоҷикистонро оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини махфияти маълумоти шахсӣ ва пешгирии табъиз дар фазои рақамӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор саҳми фаъол мегузорад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд. Ҳамчунин аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод ёд оварда шуд.

Ҳамзамон ба аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин замина, Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он аз ҷумлаи механизмҳои муҳимми ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм дар соли 2027 дар шаҳри Душанбе барои густариши ҳамоҳангии байналмилалӣ ва таҳкими талошҳои муштарак дар муқобили таҳдидҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"