Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи англисизабони «The Times Kuwait» мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро зери унвони «Тоҷикистон хостори табдили робитаҳои мустаҳкам бо Кувайт ба шарокати малмуси сармоягузорӣ аст» нашр кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, ин мусоҳиба бо тамаркуз бар зарфияти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон фурсатҳои наверо барои тавсиаи ҳамкории амалӣ бо Кувайт, ба хусус дар сайёҳӣ ва зерсохтҳо муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин заминаҳои иштироки сармоягузорони кувайтӣ дар лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, густариши табодули тиҷоратӣ ва тақвияти иртибот байни бахшҳои хусусии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин мусоҳиба зимни ишора ба раванди рӯ ба густариши робитаҳои дӯстонаи ду давлат ва аҳаммияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 3-5 ноябри 2024 бар зарурати баҳрагирӣ аз зарфияти мавҷуд ва табдили дастовардҳои сиёсӣ ва тавофуқҳои дуҷониба ба лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид шудааст. Матни комили мусоҳиба аз тариқи пайванди зер қобили дастрасӣ аст: https://timeskuwait.com/tajikistan-seeks-to-turn-strong-ties-with-kuwait-into-tangible-investment-partnerships/

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"