Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе маросими
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе маросими ифтитоҳи даври омӯзишии дуюми Мактаби Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ мақом ва саҳми Роҳбари оқилу дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу барқарорнамоии робитаҳои дӯстонаву дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, созмону ташкилоти байналмилалӣ ва муаррифии кишвару миллат дар арсаи ҷаҳон беназиру бемисл аст.
Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо шарофати сиёсати мутавозин ва муносиб бо ҷаҳони имрӯз дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мақом ва манзалати шоистаеро дар арсаи ҷаҳони муосир касб намуд.
Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва қобили таҳқиқ мебошад.
Занони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар баробари мардон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди парламентаризм, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ нақши назаррас гузоштанд. Имрӯз занони тоҷик на танҳо дар таҳияи қонунҳо ва фаъолияти намояндагӣ, балки дар муаррифии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ низ саҳми назаррас доранд.
Даври омӯзишӣ то 10 октябр идома ёфта, тибқи барнома боздиди шунавандагони он аз бинои нави Парламент ва маъруза–суҳбат бо аъзои гурӯҳи Иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони мардумӣ дар назар аст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон